- осуда
- [آسوده]1. сифати феълии замони гузаштаи осудан2. беғам, беташвиш, даросоишбуда, хотирҷамъ, ором, тинҷ, роҳат, фориғ; осуда гардидан (шудан) ором шудан, тинҷ шудан, аз ташвиш раҳидан, хотирҷамъ шудан; осуда нафас гирифтан хотирҷамъ шудан, баъд аз ташвише ба оромӣ расидан, ором шудан; осуда гузоштан касеро ба ҳоли худ мондан, кордор нашудан, ташвиш надодан, безобита накардан (касеро); осуда кардан (намудан) аз ташвиш раҳонидан, ором кардан, хотирҷамъ намудан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.